Мизоҷони хусусӣ
Соҳибкорӣ
 
 
Тоҷикӣ
 
Шартҳои Истифода
Шартномаи пешниҳоди барномаи худхизматрасонии “Индиго Тоҷикистон” дар таҷҳизотҳои мобилии муштариён


1. Истилоҳот ва таърифи онҳо.
1.1. Оператор — ҶСП “Индиго Тоҷикистон”
1.2. Муштарӣ («Муштарии ҶСП «Индиго Тоҷикистон», Аломати Тиҷоратӣ «Tcell») - фард ва ё шахси ҳуқуқӣ, ки шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонии алоқаи “Индиго Тоҷикистон”-ро (минбаъд дар матн “Шартномаи муштарӣ”) ба имзо расондааст. Муштарӣ аз рӯи рамзи ягона, ки ба Муштарӣ дар доираи Шартнома оиди пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа пешниҳод мегардад, муайян мегардад.
1.3. Барнома – барномаи мобилии “Tcell-и Ман” (минбаъд дар матн “Барнома”), ки ба тазҳизоти Муштарӣ насб гардида, ба Муштарӣ иҷозат медиҳад тариқи таҷҳизоти мобилӣ ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ дошта, хизматрасониҳои дастрасбуда, ки аз сӯи Оператор пешниҳод мегардад пайваст ё қатъ намояд, инчунин, ба хизматрасониҳои пешниҳодшуда аз ҳисоби рақами худ пардохт намояд. Барнома ба Муштарӣ имкон медиҳад хизматрасониҳоро тариқи Web-интерфейс / WEB Api бо истифодаи номи корбурд ва рамзи Утоқи Шахсӣ, идора намояд. Хизматрасониҳои дар боло зикршуда тариқи интерфейсҳои SMS/USSD/IVR бидуни зарурати номи корбурд ва рамз, инчунин дастрас аст.
1.4. Рамз – рамзи ададӣ барои дастрасӣ ба Утоқи шахсӣ ва барономаи “Tcell-и Ман”.
1.5. Номи корбурд – мутобиқи шартҳои Шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонии алоқаи “Tcell” рақами муштарӣ дар рамзи DEF ё мувофиқати аломатҳои ададӣ ҳарфӣ, ки ба талаботҳои бехатарӣ ҷавобгӯ буда шинохти ҳуввиятро дар системаи худхизматрасонии идороти хизматрасониҳоро имкон медиҳад.
1.6. Бақайдгирӣ – воридоти нахустини Номи корбурд ва Рамз ҳангоми дар Утоқи шахсӣ бақайдгирифташавӣ.
1.7. Шинохти ҳуввият (идентификатсия) – ворид намудани Номи корбурд ва Рамз аз ҷониби Муштарӣ барои амалиёти гуногун бо хизматрасониҳои худхизматрасонӣ, ки ба Утоқи шахсии Муштарӣ ва/ё дар барномаи «Tcell Ман» пайваст шудааст.
1.8. Header Enrichment (HE) – механизме, ки бо воситаи он рақами Муштарӣ, ки мутобиқи Шартнома оиди пешниҳод намудани алоқаи «Tcell» дар шабакаҳои 2G/3G/4G ҷудо шудааст, муайян мегардад.
1.9. WEB-интерфейси системаи худхизматрасонӣ ва идораи хизматрасониҳо (WEB-интерфейс) – бастаи нармафзоре, ки аз ҷониби Оператор ба Муштарӣ пешниҳод мегардад ва бо воситаи оне, ки Муштарӣ аз таҷҳизоти худ тариқи Интернет хизматрасониҳои худро бо системаи худхизматрасонӣ идора менамояд.
1.10. Саҳифаи интернетии Оператор - http://www.tcell.tj.

2. Муқаррароти умумӣ
2.1. Мутобиқи Шартномаи мазкур, Оператор ба Муштарие, ки бо Оператор «Шартномаи Муштарӣ»-ро ба имзо расонидааст ва Барномаро дар таҷҳизоти худ Муштарӣ насб кардааст, пешниҳод менамояд Шартномаи мазкурро барои пешниҳоди Барномаи «Tcell Ман» (минбаъд дар матн «Шартнома») қабул намояд.
2.2. Пеш аз насб намудани Барнома Муштарӣ бояд бо Шартҳои Шартнома оиди пешниҳоди барномаи «Tcell Ман» шинос шуда, онҳоро қабул намояд.
2.3. Бо баробари оғоз намудани Барнома, Муштарӣ Шартҳои Шартномаро пазируфта ба ҳисоб рафта, ӯҳдадор аст Шартҳоро ба пуррагӣ риоя намояд.
2.4. Дар доираи Утоқи шахсӣ, ба Муштарӣ имкони дидани хизматрасониҳои дастрас ба ӯ барои фаъолгардонӣ, инчунин идораи онҳо пас аз бақайдгирӣ/шинохти ҳуввият дар саҳифаи WEB-интерфейси Утоқи шахсӣ ё дар Барнома, пешниҳод мегардад. Бар замми ин, функсияҳо монанди дидани ҳисоби тавозуни Муштарӣ, маълумот оиди хизматрасонҳои пешниҳодгашта (рӯйхати зангҳо), фаъолгардонии хизматрасонҳои молиявӣ (Пардохти муваққати ва ғайраҳо) ва дигар хизматрасониҳои иловагӣ, дастрас мегардад. Дар ин ҳолат ҳамаи амалиётҳо аз ҳисоби рақами Муштарӣ, ки ба он Номи корбурд ва Рамз пайваст аст, суръат меград.
2.5. Дар ҳолати дар Барнома бидуни бақайдгирӣ/шинохти ҳуввият амал кардан ба Муштарӣ функсияҳои зерин дастрас мешавад: дидани ҳисоби тавозуни Муштарӣ, дидани амалиётҳои охирини ҳисоби Муштарӣ, бақияи ҳар гуна трафикҳо, маълумот оиди хизматрасониҳои пешниҳодгашта (рӯйхати зангҳо), пайвастнамоӣ/қатънамоии дигар хизматрасониҳо, тағийри нақшаи тарофавӣ. Дар ин ҳолат ҳамаи амалиётҳо аз ҳисоби рақаме, ки дар таҷҳизоти Муштарӣ насб шудааст, суръат мегирад.
2.6. Барномаи «Tcell Ман» ба Муштарӣ дар асоси шарти литсензияи ғайриинҳисории содда пешниҳод гашта, метавонад аз ҷониби Муштарӣ берун аз Утоқи шахсии ӯ истифода шавад. Қобилияти барномаи мазкур метавонад вобаста аз хизматрасониҳое, ки ба Муштарӣ ҳангоми аз саҳифаи интернетии Оператор ба Утоқи шахсӣ вуруд шудан дастрас аст, фарқ кунад.

3. Шартҳои пардохт
3.1. Барномаи мазкур, дар ҳоле, ки он насб ва оғоз шудааст, ба Муштарӣ имкон медиҳад бо воситаи таҷҳизоти мобилии худ ба гиреҳи компютерӣ-мухобиротии Оператор дастрасӣ пайдо намуда, аз онҷо Муштарӣ ҳар гуна амалиёт-дархост робит ба хизматрасониҳои дастрасбуда ба рақами Муштариро анҷом диҳад.
3.2. Шартҳои истифодаи хизматрасонӣ, ки дар банди 3.1. Шартномаи мазкур дарҷ гардидааст, нархҳо ва шартҳои тарофагузории онҳо дар саҳифаи Интернетии Оператор ва дар Барнома пешниҳод мегардад. Ҳамагуна анҷоми амалиётҳое, ки ба тағийр ёфтани тавозун таъсир мерасонад (фаъолгардонии ягон хизматрасонӣ, дархости контент ва ғайраҳо), Муштарӣ бо шартҳои дидан ва дархости хизматрасонӣ, нарх ва бо тартиби пардохти онҳо шиносшуда ва шартҳои онҳоро пазируфта ба ҳисоб меравад.
3.3. Ҳамаи амалиётҳои Муштарӣ бо воситаи истифодаи WEB-интерфейс ва Барнома робит ба идораи хизматрасониҳо, ки пайваста бо тағийр дар шартҳои пешниҳод намудани хизматрасонӣ суръат мегирад, тағийроти муносиби муқаррароти Шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонии алоқа ба ҳисоб меравад.
3.4. Ҳангоми истифодабарии хизматрасониҳои Утоқи шахсӣ ва Барнома, Оператор аз механизми автоматӣ муайян намудани рақами муштарӣ (ё ин ки Header Enrichment) истифода менамояд, ки он имкон медиҳад бидуни дигар шинохти ҳуввият (идентификатсия) ба хизматрасониҳои дастрас буда роҳ гирад.
3.5. Барои истифодаи хизматрасониҳои алоҳида ва пайвастнамоии хизматрасониҳо, маълумотҳои шахсии Муштарӣ ва маълумотҳои махфӣ метавонад истифода шавад. Муштарӣ розӣ ҳаст чунин маълумотҳо дар саҳифаи Утоқи шахсӣ ва дар Барномаро истифода шавад.
3.6. Муштарӣ баъди оғоз намудани Барнома, ки дар таҷҳизоти Муштарӣ насб шудааст ё шинохти ҳуввият (идентификатсия) аз рӯи Номи корбурд/Рамз суръат гирифтааст, барои ҳамаи корҳо ва амалиётҳое, ки тариқи Барнома суръат мегирад, масъулияти пурраро бар ӯҳдаи худ мегирад.
3.7. Аз Муштарӣ барои истифодаи Барнома маблағ ситонида намешавад. Трафики интернетӣ, ки дар натиҷаи истифодаи Барнома дар шабакаи ширкати Tcell ба миён омадааст, ройгон аст, вале трафики интернетӣ дар роуминг дар шабакаи дигар ширкати мобилӣ (байналмиллалӣ), ки дар натиҷаи истифодаи Барнома ба миён меояд, аз рӯи тарофаи Оператор нархгузорӣ мегардад.

4. Тартиби пешниҳод ва истифодабарӣ
4.1. Ҳангоми вуруди нахустин ба Утоқи шахсӣ дар саҳифаи Интернетӣ ё Барномаи Оператор, Муштарӣ раванди бақайдгириро гузарад, ки мумкин аст дар сурати зерин анҷом гирад:
4.2. Муштарӣ рақами худро бо формати «коди шабака» (92, 93, 50, 77) - рақами Муштарии худро (ХХХХХХХ) дар ҳавзаи «Рақами Муштарӣ» ворид менамояд. Баъдан бо баробари пахш намудани «Қабули рамз», ҷараёни қабули рамзи муваққати фаъол мегардад. Рамз тариқи СМС ба он рақаме, ки пештар дар ҳавзаи «Рақами Муштарӣ» ворид шуда буд, фиристода мешавад.
4.3. Рамзро дар ҳавзаи «Рамз» ворид намуда, баъдан тугмаи «Бақайд гирифтан» пахн мешардад.
4.4. Ҳангоми дар ҳавзаи «Рамзро ба ёд гир» гузоштани аломати қайд, минбаъд ворид намудани рамз дигар талаб карда намешавад ва шинохти ҳуввияти (идентификатсия) Муштарӣ баъдан ҳангоми оғози Барнома бо тарзи автоматӣ ворид мегардад.
4.5. Дар ҳолати дар ҳавзаи «Рамзро ба ёд гир» нагузоштани аломати қайд, ворид намудани рамз дар ҳагоми ҳар бор оғоз намудани Барнома талаб карда карда мешавад.
4.6. Дар ҳолати фаромӯш шудани рамз, Муштарӣ тартиботе, ки дар банди 4.2. дарҷ гардидааст, такроран анҷом диҳад.
4.7. Методи ворид шудан ба Барномаро метавон аз бахши «Танзимот»-и Барнома тағийр дод.
4.8. Истифодаи Утоқи шахсӣ ё Барнома имкон медиҳад хизматрасониҳои пайвастшударо дар доираи Шартномаи амалкунанда оиди пешниҳоди хизматрасонии алоқаи ҶСП «Индиго-Тоҷикистон», идора намуд.
4.9. Дастрасӣ ба Утоқи шахсӣ ва ба Барномаи аз лаҳзаи қатъ гаштани Шартнома оиди пешниходи хизматрасонии алоқа, қатъ мегардад. Инчунин, дар ҳолати аз ҷониби Муштарӣ риоя нашудани шартҳо, ки дар Шартномаи мазкур дарҷ гардидааст (аз он ҷумла пардохт нашудани қарз барои хизматрасониҳои пешниҳодшуда) ё муқаррароти Созишномаҳои мазкур, дастрасӣ метавонад масдуд гардад.
4.10. Муштарӣ бо мақсади истифода аз WEB-интерфейс, инчунин танзимот ва ҳифзи таҷҳизоти худ, ки тариқи он ба Утоқи шахсӣ ва ба Барнома барои идораи хизматрасониҳо дастрасӣ пешниҳод мегардад. аз ҳисоби худ дастрасӣ ба Интернетро фароҳам меорад.
4.11. То он замоне, ки исбот намегардад, ки дастрасии ғайри маҷоз дар натиҷаи амалиёти ғайриқонунии шахси сеюм суръат гирифтааст, ҳама амалиётҳо, ки дар Утоқи шахсӣ ва ё аз Барнома баъди гузаштани бақайдгирии Муштарӣ анҷом меёбад, шахсан аз ҷониби ин Муштарӣ анҷомдода ҳисобида мешавад.
4.12. Дар ҳолати бо тағийротҳои шартҳои мазкур ё қобилияти системаи худхизматрасонӣ розӣ набудани Муштарӣ, Муштарӣ ҳуқуқ дорад аз истифодаи он даст кашад. Аз нав истифодабарии системаи худхизматрасонии WEB-интерфейс ё Барнома, тасдиқ намудани розигии Муштарӣ бо тағийротҳои вориднамуда ҳисобида мешавад.

5. Маҳдудият ва ӯҳдадориҳо
5.1. Хизматрасонӣ дар шабакаи дохили, байнишабакавӣ ва шабакаҳои байналмиллалии роуминг дастрас аст.
5.2. Утоқи шахсӣ ва Барнома аз ҷониби Муштарӣ барои ситонидани даромад дар ҳама намудҳои он, наметавонад истифода шавад.
5.3. Утоқи шахсӣ ва Барнома метавонад аз ҷониби Оператор барои огаҳ намудан оиди тағийрот ба тартиби пешниҳоди хизматрасонии алоқа, инчунин таркиб ва арзиши хизматрасониҳо, истифода шавад.
5.4. Муштарӣ ӯҳдадор аст, ки баҳри танзимоти таҷҳизоти худ, ки метавонист барои истифодаи ғайри одилонаи системаи худхизматрасонӣ ва идораи хизматрасониҳои Оператор аз ҷониби шахси сеюм монеъ шавад, чораҳои заруриро андешад ва инчунин ҳангоми зоҳир шудани чунин ҳолатҳо фавран вокуниш нишон диҳад
5.5. Муштарӣ барои захираи Разм ва Номи корбурд, ки имкони аз шиноси ҳуввият (идентификатсия) гузаштани Муштарӣ ба Утоқи шахсӣ, инчунин оқибатҳои он дастрасӣ медиҳад, ӯҳдадор мебошад.
5.6. Хизматрасонии идораи хизматрасонӣ инҳисоран бо мутобиқи қонунгузории амалкунанда истифода мешавад. Дар мавриди истифодаи ғайриқонунӣ, дастрасии Муштарӣ фавран қатъ мегардад.
5.7. Оператор барои зараре, ки дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии Барнома аз ҷониби шахси сеюм суръат гирифтааст, ӯҳдадор нест подош диҳад.
5.8. Муштарӣ барои амалиётҳои шахсони сеюм, ки бо мақсади истифода аз Барнома рақами муштариро истифода менамоянд, ӯҳдадор аст.
5.9. Дар ҳеҷ гуна ҳолат, Оператор барои зарари мустақим ё ғайримустақим, ки ба Муштарӣ дар натиҷаи истифодабарӣ ё истифода бурда натавонистани Барнома, ва зарар дар натиҷаи хатогӣ, ғоиб, танаффуси корӣ, тағийрот ба функсияҳо, нуқсон, таъхир дар амалиёт, ки на бо айби Оператор рӯй медиҳад, ӯҳдадор намегардад.
5.10. Маълумоти Муштарӣ ва маълумот оиди амалиётҳои Муштарӣ, ки дар Утоқи шахсӣ ва дар Барнома нигаҳ дошта мешавад, махфӣ буда ба шахсони сеюм, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, супорида намешавад.
5.11. Мушаххасоти Утоқи шахсӣ ва Барнома, ғайр аз маълумотҳои шахсӣ ва махфии Муштарӣ, метавонад аз ҷониби Оператор барои гузаронидани тадқиқотҳои бозаргонӣ истифода шавад.
5.12. Ҳангоми дастрасӣ намудани таҷҳизоти Муштарӣ ба шахсони сеюм аз ҷониби Муштарӣ, ки бо воситаи он метавон ба Утоқи шахсӣ ва Барнома дастрасӣ пайдо намуда тағийроти Рамзи вуруд мумкин аст, Оператор аз ҳама гуна ӯҳдадориҳои амалиёти баъдии истифодабарии ғайриқонунии Утоқи шахсӣ ва Барнома аз ҷониби шахсони сеюм, озод мегардад,
5.13. Муштарӣ бо баробари ба Утоқи шахсии худ додани дастрасӣ ба шахси дигар, ҳамаи амалиётҳое, ки аз ҷониби шахси дигар вобаста ба идораи хизматрасониҳо дар доираи Шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонии алоқа суръат мегирад, инчунин нигаҳдории маълумоти махфӣ ва маълумоти шахси, ки ба он тариқи Утоқи шахсӣ дастрасӣ ба ин ҷониби шахси сеюм дода мешавад, ӯҳдадор аст.

6. Шартҳои дигар.
6.1. Аз ҷониби Муштарӣ анҷом додани амалиёт, ки дар Шартномаи мазкур барои бо Барнома истифода бурдан дарҷ гардидааст, ба пуррагӣ розӣ будани Муштарӣ бо Шартномаи мазкур ва маҳдудиятҳое, ки дар он вуҷуд дорад, ҳисобида мешавад.
6.2. Оператор ҳуқуқ дорад дар ҳар замон ба Шартномаи мазкур тағийрот ва ё иловаҳо ворид намояд. Бо тағийротҳо ба Шартнома метавон тариқи бахши мутобиқ ва инчунин аз саҳифаи интернетии Оператор шинос шуд. Ҳама гуна истифодаи минбаъдаи Барнома аз ҷониби Муштарӣ баъди ворид намудани тағийротҳо, розӣ будани Муштарӣ бо он тағийрот ва/ё иловаҳо ба он ба ҳисоб меравад.
6.3. Оператор ҳуқуқ дорад таркиб ва мундариҷаи хизматрасониҳои Барномаро, сохтори он, намуди зоҳирии онро муайян сохта, инчунин ба Барнома тағийротҳо бо баробари ворид намудани хизматрасониҳои нав, ба серверҳои нав дастрасӣ додан, бидуни розигии пешакии Муштарӣ, ҳак дорад.
6.4. Дар ҳама дигар ҳолатҳое, ки дар Шартномаи мазкур дарҷ нагардидааст, Муштарӣ ва Оператор мутобиқи Шартномаи Муштарӣ амал менамоянд.