Мизоҷони хусусӣ
Соҳибкорӣ
 
 
Тоҷикӣ
 
Пардохти муваффақ
Пардохти муваффақ
1. Барои иштирок дар аксия муштарӣ бояд тавозунашро бо 10 (даҳ) сомонӣ ва ё бештар аз он пурра намояд. Барои ширкат дар иқдом аз тамоми намуди пардохтҳо- тавассути системаи пардохтҳо, кортҳои экспресс, маблағҳои нақдӣ қабул карда мешаванд.
2. Ҳангоми пардохти 10 сомонӣ, барои ҳар як пардохт як рамз ирсол карда мешавад, аммо на бештар аз 10 рамз барои ҳар як муштарӣ дар як рӯз.
3. Ҳамаи пардохтҳо ба тавозуни муштарӣ гузаронида мешаванд ва муштарӣ бо хоҳиши худ онҳоро сарф менамояд. Рақами шиносоӣ (ID) комилан ройгон аст.
4. Пас аз пур кардани тавозуни телефон ба миқдори кофӣ, ба муштарӣ SMS-паёмак дар бораи иштирок дар озмун ирсол гардида, ҳамчунин ба ӯ ID – шумораи 9-рақама дода мешавад.Дар ин ҷо- рақами аввал марҳила (давра)-и ширкат дар озмунро нишон медиҳад, дар маҷмӯъ 3 давра (марҳила)-и иштирок дар назар дошта шудааст.
5. Даври аввал аз 01.05.2019 то 14.06.2019, таҳти рақами тартибии «1» идома мекунад.
6. Марҳилаи дуввум аз 15.06.2019 то 29.07.2019, таҳти рақами тартибии «2» давом меёбад.
7. Бахши сеюми иқдом аз 30.07.2019 то 10.09.2019, таҳти рақами тартибии «3» доир хоҳад гашт.
Рамзҳои ID-ро муштарӣ метавонад ҳар рӯз, пас аз пур кардани тавозунаш бо 10 сомонӣ ва бештар аз он дарёфт намояд.

9. Агар муштарӣ хоҳиши дар иқдом ширкат карданро надошта бошад, дар ин ҳолат метавонад бо рақамчинии *575*0# аз иштирок дар аксия даст кашад.
10. Дар сурати бозгашт муштарӣ метавонад фармони *575*1# -ро иҷро намояд.
11. ID (рақами шиносоӣ) дар сурати интиқоли маблағ тавассути SМS-маблағ ва интиқоли мобилӣ дода намешавад.
12. Дар ҳолати ба қайд гирифтани интиқоли маблағ ва ё нақд кардани маблағҳо аз сӯи муштарӣ, ширкат ҳақ дорад, ки пардохт кардан ва ё бознагардонидани маблағҳоро ба муштарӣ бознигарӣ намояд.
13. Кормандони ширкат, ҳамчунин фурӯшандаҳо ҳуқуқи иштирок дар аксияи мазкурро новобаста аз намуди SIM-кортҳое, ки истифода мебаранд, надоранд.
14. Барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ихтилофот ҳангоми муайян кардани ғолибон, ба иштирокчиёни иқдом тавсия дода мешавад, ки дар давраи баргузории озмун SIM-кортҳояшонро ба номи дигар истифодабарандагон сабти ном (қайд) нанамоянд. Дар ҳолати баръакс, ширкат ҳақ дорад, ки бурдро бекор намояд

Масалан:
Муштарии 1 ду моҳ аз SIM-корти муайян истифода бурда, тавозунашро пурра мекард, аммо дар давраи охири баргузории аксия SIM-корташро ба номи Муштарии 2 номнавис кард. Яке аз ID-рамзҳо (рақами шиносоӣ)-и Муштарии 1 рақами бурднок аст, аммо дар ин вақт SIM-кортро Муштарии 2 истифода мебарад. Дар ин ҳолат, муштариҳо бояд тасмим бигиранд, ки кадоме аз онҳо соҳиби мукофот мегардад.

15. Аснои додани мукофот иштироки муштарии ғолиб (пирӯз) ва доштани санади тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) шарту зарур аст.
16. Дар ҳолати дар хориҷ аз кишвар қарор доштани муштарӣ (корбари Чӣ Гап), шахсони ваколатдор метавонанд тӯҳфаро дарёфт намоянд, дар ин сурат нусхаи шиносномаи муштарии ғолиб низ зарур аст.
17. Агар муштарӣ (ғолиб) пас аз он ки барандаи иқдом эълон шуд ва дар муддати ду моҳ (60 рӯз) барои гирифтани мукофот наомад, ба зангҳои телефонӣ ҷавоб надод, ширкат дар ин муддат (60 рӯз) интизор мешавад. Пас аз 60 рӯз (2 моҳ)-и наомадан барои гирифтани мукофот, бурди муштарӣ (ғолиб) бекор карда мешавад.
18. Ғолиб тавассути занги телефон аз ширкат тариқи рақамҳои расмии 7070 ва 8080 огоҳ карда мешавад.
19. Тариқи шумораҳои 7070 ва 8080 ба муштарӣ маълумот дода мешавад, ки кай, дар кадом муҳлат ва ба куҷо барои гирифтани мукофот биёяд. Аз ҷониби муштарӣ дар ин ҳолат ҳеч гуна пардохт ва маблағ талаб карда намешавад.
20. Дар сурати интиқоли пул аз ҳамёни TezSum ба тавозуни мобилии ҳар муштарии дигар, ID-рамзҳо ироа намегарданд.
Қоидаҳои бозӣ
Иқдом (аксия) ба се марҳала тақсим шудааст.

1.Даври аввали маърака аз 01.05.2019 то 14.06.2019 давом мекунад.Рӯзи ниҳоӣ (финол)-и давр 15.06.2019. Дар маҷмӯъ бахши аввал 45 рӯз идома меёбад.

Мукофотҳо:
- Hyundai Accent - 1
- Samsung Galaxy A30 - 5
- Smart TV Samsung - 3
- Laptop Mac Book AIR13 - 1

2.Қисмати дуввуми аксия аз 15.06.2019 то 29.07.2019 доир мегардад.Ҷамъбасти давр рӯзи 30.07.2019 сурат мегирад. Ин бахш низ 45 рӯз давом мекунад.

Мукофотҳо:
- Hyundai Accent - 1
- Samsung Galaxy A30 - 5
- Smart TV Samsung - 3
- Laptop Mac Book AIR13 - 1

3. Марҳилаи сеюми иқдом аз 30.07.2019 то 10.09.2019 баргузор мешавад.Рӯзи 11.09.2019 ҷамъбаст (финол)-и давр сурат мегирад. Дар маҷмӯъ, ин марҳила 43 рӯз давом мекунад.

Мукофотҳо:
- Hyundai Accent - 1
- Samsung Galaxy A30 - 10
- Smart TV Samsung - 4
- Laptop Mac Book AIR13 - 3

Тӯҳфаҳо давоми 10 рӯз (аз рӯзи ҷамъбаст) супорида мешаванд.

Барои иштирок дар иқдом (аксия) муштариро зарур аст, ки тавозуни худро аз 10 сомонӣ ва аз он боло пурра намояд. Дар давоми баргузории аксия, муштарӣ метавонад теъдоди муайяни ID-рамзҳо (рақамҳои шиносоӣ)-ро соҳиб шавад. Дар охири аксия (дар ҳар давр) тавассути қуръакашӣ (лототрон) ғолибони озмуни “Пардохти муваффақ” эълон мегардад.

ID-рамзҳо (рақамҳои шиносоӣ) пас аз ҳар як даври баргузории иқдом таҷдид (нав) карда мешаванд.

Дар сурати ҷамъ кардани ID-рамзҳо аз ҷониби муштарӣ, онҳо ба даври дуввум гузаронида намешаванд, ҳамин тавр ID-рақамҳо аз марҳилаи дуюм ба бахши сеюм интиқол намеёбанд.

Ҳамаи бурдҳо дар охири ҳар як даври аксияи «Пардохти муваффақ» бозӣ карда мешаванд.

Дар зер тартиби бозӣ ва бурди аксия нишон дода мешавад:
1. Як муштарӣ метавонад чанд дафъа ғолиби аксияи «Пардохти муваффақ» гардад, ба ғайр аз аз барандаи ҷоизаи асосӣ- “автомобил”.
2. Рақами барандаи ҷоизаи асосӣ аз иштирок дар марҳилаҳои баъдӣ хориҷ карда мешавад (ID-рамз ба ӯ ирсол намегардад).
3. Як ID – рақам танҳо як маротиба метавонад дар бозӣ иштирок намояд.
4. Мукофотҳо бо маблағи пулии ба он баробар ва ё бо туҳфаи дигар иваз карда намешаванд.