Мизоҷони хусусӣ
Соҳибкорӣ
 
 
Тоҷикӣ
 
Чӣ Гап
Чӣ Гап
«Чӣ Гап» - нахустин барномаи мобилии миллии тоҷикӣ барои смартфонҳо мебошад, ки имкони РОЙГОН анҷом додани загҳои овозӣ, видео зангҳо ва мубодилаи паёмҳоро дар дохили барнома, ва ҳамчунин имконияти занг заданро ба рақамҳои мобилӣ ва шаҳрии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас фароҳам меоварад.

Муфассал дар www.chigap.tj
Нархи 1 дақиқаи сӯҳбат аз барномаи «Чӣ Гап» ба рақамҳои Тоҷикистон чӣ арзиш дорад?
«Чӣ Гап» ба «Чӣ Гап» 0 смн
«Чӣ Гап» ба Tcell* 0.10 смн
Занг ба дигар операторони мобилӣ Тоҷикистон* 0.20 смн
Занг дар самтҳои байналмилалӣ** - 
Интиқоли маълумотҳо*** - 
Пардохти абонентии ҳаррӯза**** 0.50 смн
Афзалият
• «Чӣ Гап» - барномаи ройгоне аст, ки барои ҳамаи муштариёни Тоҷикистон ва тамоми дунё дастрас аст
• Зангҳои муфид ба ҳамаи рақамҳо дар Тоҷикистон аз Росия ва аз ҳар нуқтаи дунё
• Зангҳои овозӣ/ дар дохили «Чӣ Гап» РОЙГОН!
• Хабарҳои РОЙГОН дар дохили «Чӣ Гап»
• «Чӣ Гап» - барномаи қуллай бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
• Як рақам ва як ҳисоб барои зангҳои мобилӣ ва «Чӣ Гап»
• Имкони доим ва дар ҳар ҷо дар алоқа будан
• Усулҳои қуллай ва стандартии пур кардани ҳисоб дар Русия ба воситаи терминалҳои Qiwi
Колл-сентр
Колл-сентри «Чӣ Гап» - Ба Колл-сентри «Чӣ Гап» занг зада, Шумо метавонед ҳамаи маълумотро оиди барномаи Чӣ Гап дастрас намоед.
• Чавоб ба ҳамаи саволҳои иттилоотӣ оид ба барномаи «Чӣ Гап»
• Бастан ва кушодани рақам
• Кумак расонидани бақайдгирӣ дар барномаи «Чӣ Гап»
• Барқароркунии рамз

Рақами Колл-сентр:
+992 (77) 711 5555

Реҷаи корӣ:
24/7
Бақайдгири
Ки метавонад барномаро истифода барад?
Муштариёни Tcell;
Муштариёни дигар операторони мобилӣ;
Муштариёне, ки имконияти муроҷиат намудани ба маркази хизматрасони надоранд ё берун аз ҶТ қарор доранд.

1 қадам: Истифодабарии барномаро чи тавр шурӯъ кард?
Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ба шабакаи 3G, 4G ва Wi-Fi пайваст ҳастед;
Боргирӣ намудани барнома аз AppStore ё Google Play вобаста аз системаи оператсионии телефони мобилии шумо.

2 қадам: Чӣ тавр бояд бақайдгири намуд?
Баъд аз боргирӣ ва сабт намудани барнома, дар саҳифаи асосӣ шумо бояд тугмачаи «Бақайдгири» -ро пахш намоед.

Барои муштариёни Tcell:
1. Дар экран саҳифа бо саволи «Шумо рақам аз Tcell доред?» пайдо мешавад
2. Тугмачаи «Бале» -ро пахш намоед
3. Пас, рақами Tcell-и худро ворид намоед (шарти ҳатми: SIM-корт бояд дар телефон бошад барои қабул намудани рамз)
4. Бо шартҳои истифодабарии барнома шинос шавед, онро қабул намуда, тугмачаи «SMS»-ро пахш намоед
5. Баъдан, ба шумо тариқи SMS рамз бо матни 6 аломат фиристода мешавад
6. Дар саҳифаи кушодашуда шумо бояд дар чое, ки ном (рақами Tcell) ва рамз ишора шудааст, онро ворид намоед ва ҳамин тавр шумо барномаи Чи Гап худро бақайд мегиред

Барои муштариёни дигар операторони моблӣ:
1. Дар экран саҳифа бо саволи «Шумо рақам аз Tcell доред?» пайдо мешавад
2. Тугмачаи «Не» -ро пахш намоед
3. «Саҳифаи бақайдгирӣ» кушода мешавад
4. Ҳамаи маълумотҳои заруриро пешниҳод намоед
5. Рақамҳои иловагӣ бояд танҳо аз дигар ширкатҳои мобилӣ бошад ғайр аз Tcell
6. Дар ҳузури шиносномаи дохилӣ: нусхаи электронии саҳифаи шиносномаи худро (сканшуда), ки дар он ному насаби шумо нишон дода шудааст ва саҳифае, ки ҷои истиқоматии шумо нишон дода шудааст, бо воситаи тасвири «Камера»
7. Дар ҳузури шиносномаи хорочӣ: нусхаи электронии саҳифаи шиносномаи худро(сканшуда), ки дар он ному насаби шумо нишон дода шудааст ва саҳифае, ки ҷои истиқоматии шумо ва мухлати амали шиноснома нишон дода шудааст, бо воситаи тасвири «Камера»
8. Суратгирифташудаи сахифахоро боргузорӣ намоед, бо воситаи тасвири «Скрепка»
9. Бо шартҳои истифодабарии барнома шинос шавед, онро қабул намуда, тугмачаи «SMS» -ро пахш намоед
10. Баъди якчанд дакика ба шумо тариқи SMS рамз бо матни 6 аломат фиристода мешавад ва шумо бояд дар дар чое, ки ном (рақами Tcell) ва рамз ишора шудааст, онро ворид намоед ва ҳамин тавр шумо барномаи Чи Гап худро бақайд мегиред

Эзоҳ: Айни замон гирифтани рақам ҳангоми бақайдгирии муштариёни дигар операторони мобилӣ, истифодабарандагони дастгоҳ бо системаи оператсионии iOS имконопазир аст.

Чӣ тавр аз хориҷ ба Тоҷикистон занг зад?
Барои ройгон занг задан ба Точикистон, шумо бояд ба муштарие, ки занг занед, ки барномаи Чӣ Гап-ро дошта бошад. Шакли рақамчинӣ метавонад бо рамзи давлат ё ин ки бе рамзи давлат бошад.
Барои занг задан ба Тоҷикистон бо нархи дастрас* ба муштариёне, ки барномаи «Чӣ Гап» надоранд, ба Шумо лозим аст, ки ба рақамҳои муштарии даъватшавандаро бо шакли рақами +992 рақамчини намуда, ба занги мобилӣ пахш намоед.

* Нархҳоро дар ҷадвали боло нигоҳ кунед.
Саволҳо, Сиёсати конфидентсиалӣ ва созишномаи муштарӣ
* Нархҳо дар сомонӣ бо назардошти ААИ ва аксиз нишон дода шудаанд.

** Мувофиқи тарофабандии зангҳо дар самтҳои байналмилалӣ.

*** Трафик барои истифодабарии барнома аз баста, мувофиқи нархбандии тарофа ё шабакаи Wi-Fi ситонида мешавад.

**** Маблағ ФАҚАТ дар ҳолате ҳисобида мешавад, ки агар тавассути барнома занг занед ва ё ба ин барнома аз тарофаҳои зерин "Next 2016”; “Аввалин*2016”; “Аҷоиб 2016”; “Аҷоиб минтақавӣ 2016”; “Бале 2016”; “Салом 2016”; “Интернет”; “Бизнесмен”; “Ҳамкор” занг қабул намоед. Ҳангоми ҳама гуна дигар ҳаракатҳои дохили барнома, масалан, истифодаи чат, тафтиши тавозун, барои зангҳои дохили барнома пардохт ҳисобида намешавад.